Дар МЕДСИ Душанбе шуъбаи стоматология ба фаъолият оғоз намуд.
07/07/2026
Дар МЕДСИ Душанбе шуъбаи нави стоматология ба фаъолият оғоз кард
Акнун дар МЕДСИ Душанбе хизматрасониҳои мукаммали стоматологӣ барои кӯдакон ва калонсолон дастрасанд. Шуъбаи нави стоматология фаъолияти худро оғоз намуда, омода аст ба беморон дар сатҳи баланди касбӣ хизмат расонад.
Мо муҳити муосиреро фароҳам овардаем, ки дар он тамоми намуди хизматрасониҳои стоматологӣ — аз муоинаҳои пешгирикунанда ва табобати кариес то имплантатсияи дандон, ҷарроҳии стоматологӣ ва барқарорсозии комплексии дандонҳо пешниҳод карда мешаванд. Табобат бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ, технологияҳои рақамӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии сифат анҷом дода мешавад.
Хизматрасониҳои дастрас
Дар шуъбаи стоматологияи МЕДСИ хизматрасониҳои зерин пешниҳод мешаванд:
стоматологияи терапевтӣ;
стоматологияи кӯдакона;
стоматологияи ҷарроҳӣ;
имплантатсияи дандон;
стоматологияи ортопедӣ;
ортодонтия;
стоматологияи эстетикӣ;
гигиенаи касбии ковокии даҳон.
Ташхиси дақиқ — асоси табобати самаранок
Барои ташхиси дақиқ дар шуъба технологияҳои муосир, аз ҷумла томографияи компютерии конусӣ (КЛКТ), рентгенографияи рақамӣ ва сканкунии дохилидаҳонӣ истифода мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки ҳолати дандонҳо ва ҷоғ дақиқ арзёбӣ гардида, барои ҳар як бемор нақшаи инфиродии табобат таҳия карда шавад.
Табобати ҳама гуна дараҷаи мураккабӣ
Мутахассисони мо табобати ҳама гуна мушкилоти стоматологиро анҷом медиҳанд: кандани дандонҳои мураккаб, имплантатсия, пластикаи устухон, синус-лифтинг, пластикаи милк, протезгузорӣ, насби винир ва тоҷҳои дандон, инчунин ислоҳи нодурустии газидани дандонҳо дар кӯдакон ва калонсолон.
Ғамхорӣ нисбати кӯдакон
Дар шуъба барои кӯдакон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Муоинаҳои пешгирикунанда, табобати дандонҳои ширӣ ва доимӣ, гигиенаи касбӣ, маҳкамкунии фиссураҳо, инчунин табобат таҳти седация ё наркоз (бо нишондодҳои тиббӣ) дастрас мебошанд. Ҳадафи мо — таъмин намудани муҳити ором, бехатар ва бароҳат барои ҳар як кӯдак аст.
Афзалиятҳои стоматологияи МЕДСИ
Шуъбаи стоматология қисми клиникаи бисёрсоҳавии МЕДСИ мебошад. Дар ҳолати зарурӣ ба табобат мутахассисони дигар самтҳо низ ҷалб карда мешаванд, ки ин имкони пешниҳоди ёрии ҳамаҷонибаи тиббиро фароҳам меорад. Ҳангоми ҳолатҳои мураккаб инчунин машваратҳои фосилавӣ бо мутахассисони шабакаи МЕДСИ Русия ва ташкили табобат дар клиникаҳои МЕДСИ Федератсияи Русия имконпазир аст.
Барои қабул сабти ном намоед
📞 3300
📍 кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 79 (назди мактаби №6)
Шуъбаи нави стоматологияи МЕДСИ Душанбе аллакай беморонро қабул мекунад. Мо омодаем бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи мутахассисони баландихтисос дар ҳифзи саломатии дандонҳои шумо саҳмгузор бошем.
Зангро
баргардонед
Бо мо тавассути телефон тамос гиред!
Мо ҳамеша дар тамосем! Ба мо дар ҳар вақт занг занед, 24/7
